СОІИБМУЛКОН ОМОДА НАШУДАНД

Февраль 14, 2011 10:33

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Рафти зимистонгузаронӣ нишон дод, ки на  ҳамаи соҳибмулкон ба гирифтани гармӣ омодаанд,-гуфт директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти мавсуф то 1-уми январи соли 2011 дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Баҳри омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010 – 2011» аз ҳисоби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ барқарорсозии 4 адад дегҳои гармидиҳии аз фаъолият бозмондаи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳрҳои Ваҳдату Хуҷанд ба итмом расид. Аммо то имрӯз барқарорсозии системаи қабули гармидиҳии дохилии  манзилҳои истиқоматӣ, ки мебоист аз ҳисоби маблағҳои соҳибмулкон  таъмир  мешуд,  оғоз наёфтааст. Соҳибмулкон бояд донанд, ки то системаи қабули гармидиҳиро дар таҳхонаҳои биноҳои исттиқоматӣ таъмир накунанд,  ба дегҳои гармидиҳӣ пайваст намешаванд.         Акнун як номуназзамӣ дар кори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва соҳибмулкон ба чашм мерасад, ки он аз муаллақ гузоштани    системаи қабули гармидиҳӣ дар таҳхонаҳо мебошад.

Февраль 14, 2011 10:33

Другие новости этой рубрики

О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая облачность, без осадков
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая облачность, без осадков
До 31 августа в отдельных горных районах Таджикистана сохранится угроза селей
В Японии более 350 тысяч человек рекомендовали эвакуироваться из-за ливней
«Таджикстандарт» изъял 110 кг колбасных изделий с истёкшим сроком годности в одном из столичных цехов
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая, местами переменная, облачность, без осадков
От «Мастерской Лу Баня» до библиотеки с китайскими книгами — новая глава в истории сотрудничества между Таджикистаном и Китаем
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая, местами переменная, облачность, без осадков
Молодые международники СНГ приглашаются к участию в конкурсе
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая облачность, без осадков
О ПОГОДЕ: сегодня в Таджикистане небольшая облачность, без осадков
К 2030 году в сельскохозяйственный оборот будет введено более 16 тысяч гектаров земли