Тамрини аввалини “Алфайсалӣ” дар Душанбе

Февраль 22, 2016 09:30

Душанбе, 22.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Клуби футболи “Алфайсалӣ”-и Урдун шоми дирӯз аввалин тамрини худро дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе баргузор кард. Тавре мухлисони футбол иттилоъ доранд, барои баргузор кардани аввалин бозӣ дар гурӯҳи “Б” -и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе клуби футболи “Алфайсалӣ”-и Урдун ба Тоҷикистон омадааст ва рӯзи 23-феврал соати 16 дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо ҳам қувва меозмоянд.
Имрӯз дар толори меҳмонхонаи “Dushanbe Hyatt regency” нишасти матбуотӣ бо ҳузури мураббиён ва бозигарони дастаҳои ширкаткунанда баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки аз 23-феврал мусобиқаи футболбозони кишварҳои Осиё барои Ҷоми чемпионҳо ва Ҷоми КФО дар гурӯҳҳо шурӯъ мешавад. “Истиқлол”-и Душанбе бо клубҳои “Алфайсалӣ”, “Нафит Алвасат”-и Ироқ ва “Триполӣ клаб”-и Лубнон дар як гурӯҳ барои ба бозиҳои минбаъда баромадан рақобат мекунад.

Февраль 22, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад