Оғози ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ дар Душанбе

Март 15, 2016 10:13

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз бахшид.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иштирокдорони ин чорабиниро аз номи Ҳукумати Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба нақши иттилоот, ҳамкориҳои Тоҷикистон дар ин самт бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аҳамияти баргузории ин чорабинӣ сухан ронд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман,  директори «Агентии иттилоотии «Арменпресс»  Арам Ананян, директори генералии Агентии телеграфии Белорус (БелТА) Дмитрий Жук, директори генералии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Таабалдиев, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ ва сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шахбалаев иштирок доранд.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли равонро муҳокима мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, дар назар аст. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор хоҳанд кард.

 

Март 15, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст