Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург таҳти раёсати ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад. Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.
Тавре сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, панҷ нафар табибони соҳаҳои гуногуни шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин, ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова бо ҳамкасбони душанбегии худ дар мавзӯи навтарин дастовардҳои илми тиб, истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои ба он марбут мубодилаи афкор менамоянд.
«Хайати мазкур тайи се рӯз дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол» бо ҳайати профессорону докторони тибби маҷмааи мазкур, табибони беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд»,- афзуд Х. Шарифзода.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






