Муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистону Чин тавсеа меёбанд
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши имрӯза соҳибкорони ватанӣ имкон доранд аз ҷумҳурӣ набаромада, бо молу маҳсулот ва таҷҳизоти муаррифинамудаи ширкатҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, шарикони ҳамкори худро пайдо намоянд. Ин нуктаро имрӯз муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ва ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки имрӯз даҳҳо корхонаҳои муштараки Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ин сабаби рушди фазои саромоягузорӣ гардидааст.
«Имрӯзҳо байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин корхонаҳои муштарак созмон дода шуда, молу маҳсулоти рақобатпазир ва бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол мешаванд»,-зикр намуд Манзура Рустамова.
Ван Сзинху, директори ширкати техналогияҳои обии «Делан» дар суҳбат бо мо гуфт, ки онҳо аз ҳамкорӣ бо дӯстони тоҷик хеле қаноатманданд ва дар оянда ният доранд чунин намоишгоҳҳоро зиёдтар пешкаши тамошобинони Тоҷикистон намоянд.
«Мо дар ин намоиш чор намуд таҷҳизоти обгузаронро ба намоиш гузоштаем, ки инҳо аз 4 қисм иборат буда, обро тоза менамоянд. Ин таҷҳизот ихтирои нави ширкати «Делан» буда, онро аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаем. Умед мебандем, ки дар оянда ҳамкориро бо мамлакати шумо аз ин ҳам мустаҳкамтар намоем»,- иброз намуд Ван Сзинху.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Муасссисаи давлатии «Кохи Борбад» маросими расмии оғози Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардид.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






