Душанбе мизбони Муколамаи «Осиёи Марказӣ+ Япония» гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+ Япония» баргузор гардид.
Тавре хабарнигои АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар машварати мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Таро Коно ва муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хаҷиев, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ иштирок доштанд.
Хотиррасон менамоем, ки иштирокдорони ин машварат- Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+Япония»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Бояд тазаккур дод, ки вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ба ҷашни 17-умин солгарди Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» рост омад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2004 Япония иқдомеро доир ба шакли нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон»-ро ба роҳ монд. Ҳадаф аз он густариш ва тақвияти робитаҳои қавии кившарҳои минтақа бо Япония ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.
Дар зарфи ин солҳо Муколама дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Япония нақши муассир гузошт.
Дар доираи машварати 7-уми Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» се ҷаласа дар мавзӯъҳои «Ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи «Осёи Марказӣ+ Япония» дар бахши сайёҳӣ», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар соҳаҳои савдо, сармоя ва рушд», инчунин «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ» доир гардид.
Дар фарҷоми машварати 7-уми Муколамаи Вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ+Япония» роҳбарони ҳайатҳои Муколама санади ниҳоӣ – «Изҳороти муштараки машварати 7-уми Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония»-ро ба тасвиб расониданд.
Пас аз машварати ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.


















Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






