Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба шахсони ниёзманд 4 миллиону 945 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳр вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 4 миллиону 945 ҳазору 800 сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 226 ҳазору 800 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробар ва 4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шахсони ниёзманд роҳандозӣ гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо кумаки моддӣ расонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, тақсимот ва супоридани маблағҳои зикршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои пойтахт то 7 сентябри соли равон ба роҳ монда мешавад.
Ин кумак ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробар аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо дастрас карда мешавад.
Ба кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ин кумак дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти молияи пойтахт супурда мешавад.








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад






