Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Март 27, 2020 11:14

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон номзадии Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ноҳияи Сино ва Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Дар ин бора имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Иcмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино, ки оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 баргузор гардид, хабар дода шуд.

Дар интихобот аз 219 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат варзиданд. Иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино номзадии панҷ нафар вакилони дар боло зикршударо ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуд.

Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 кори худро анҷом дод.

Март 27, 2020 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд
Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад