ҚАДРДОНӢ АЗ ЗАҲМАТИ ТАБИБОНИ ДУШАНБЕ. Соҳибкори тоҷик дар посух ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба 1700 нафар кормандони соҳаи тиб кумак расонид

Май 16, 2020 16:13

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо  ҳамовозӣ ба даъвати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгирӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва айёми хуруҷи бемории Covid-19  аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил»,  узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 1700 нафар кормандони соҳаи тибби беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт, аз ҷумла Муасиссаи давлатии  махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»,  Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии №2, Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов ва Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», кумакҳои моддӣ иборат аз маводҳои  мавриди ниёзи аввал аз қабили орд, шакар, биринҷ, равған ва дигар маҳсулоти зарурӣ, ба ҳар кадом аз 200 нафар табибони Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ 500 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ  расонида шуд.

Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Заробиддини ШИРИН, ки дар маросими таслими кумакҳо ширкат намуд.      

Зимни супордани кумаки мазкур  ба табибон   соҳибкор Маҳмудҷон Муродов  миннатдории худро аз номи Пешвои миллат ва Раиси шаҳр ба онҳо  баён намуда,  иброз дошт:  «Шумо, табибон,  ки дар ин рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи  беморон карор доред ва ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ шабонарӯз заҳмат мекашед, бояд мутмаин бошед, ки ҳеҷ гоҳ танҳо нестед ва бо пуштибонии ҳамешагии Сарвари давлат, кулли мардуми Тоҷикистон меҳнати пуразишатонро қадр мекунанд».

Дар идомаи суҳбати худ соҳибкор  Маҳмудҷон Муродов аз табибон, ки воқеан дардошнои ҳақиқии имрӯзи беморон шудаанд, васф намуда,  гуфт:  «Руҳияи қавии Шумо,  содиқ будан дар кору фаъолият ва ҳамдилии мардум метавонад моро ба рӯзҳои хубу равшан расонад ва беморонро аз  бемории сироятии коронавирус раҳо намояд. Имрӯзҳо на танҳо мо соҳибкорон, балки хурду бузарги ин диёр  боз ҳам бештар ба қадри заҳмати Шумо мерасем ва то имконияти дар даст дошта ба хизматҳоятон ҷавоби  муносиб мегардонем!».

Тавре зимни суҳбат бо мо  мудири озмоишгоҳи Шаҳраки тиббии шаҳри Душанбе   Бегиҷон Аминов изҳор дошт, дар ин рӯзҳое, ки барои табибон хеле душвор аст ва масъулияти онҳоро боз ҳам бештар кардааст, дасти кӯмак дароз намудан аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов шоистаи таҳсин ва лоиқи дастгирист. Зеро анҷоми ин гуна амалҳои хайру савоб  бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо  нисбат ба тақдири ҳаммеҳанони худ бетараф нестанд.

Баъди қабули кумакҳои ирсолгардида   ҳамшираи калони шафқати шуъбаи пулманалогияи Маҷмааи тадурустии «Истиқлол»   Мавҷуда Аҳмадова изҳор дошт, ки ин амали соҳибкори тоҷик воқеан онҳоро боз ҳам бештар  рӯҳбаланд кард, аз ин хотир онҳо мехоҳанд   миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ва ин соҳибкор расонанд. «Ҳар як ҳамшираи шафқат ва дар маҷмуъ кулли табибони Маҷмааи тадурустии «Истиқлол» имрӯзҳо бо талошҳои хастнопазир барои шифо ётфани беморон тамоми неруи худро сарф  мекунанд ва умед доранд, ки  поёни ин рӯзҳои мушкил дур нест ва он фаро мерасад» — иброз дошт Мавҷуда Аҳмадова ҳамшираи калони шуъбаи пулманалогияи ин маҷмаа дар анҷоми суҳбат.


Тавре зикр кардем ин гуна кумакҳо ба Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов низ расонида шуд ва аз номи тамоми кормандони ин муассисаи тиббӣ  табиб Саиданвар Олимов  ва ҳамшираи  шафқат  Малоҳат Раҳмонқулова  изҳори миннатдории худро баён дошта, иброз намуданд, ки  дар шароити имрӯза ҳифзи саломатии ҷомеа ва табобати маризон  аз ҳар вақти дигар дида муҳимтар мебошад, зеро   бемории  сироятии Covid-19 то ҳанӯз пурра ташхису омӯхта нашудааст ва ваксинае ҳам надорад, то пурра онро аз байн бубарад. Аммо новоабаста ба ин табибон бо ҳар роҳу восита кӯшиш доранд то ҳеҷ як беморе аз мадди назар дурр намонад ва табобати саривақти бигарад. Дар идомаи суҳбат табибони  Маркази саломатии   шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ёдовар шуда, иқдомҳои соҳибкор Маҳмудҷон  Муродовро дар самти  расонидани  кумак ба онҳо, яке аз  амалҳои шоиста   ва яке аз   оинҳои неку фитрии мардуми соҳибноми тоҷик унвон карданад.

Наргис Изаттуллоева аз зумраи он кармндони зеристгоҳи марказии Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тибби шаҳри Душанбе аст, ки чунин кумакҳоро   якҷо бо ҳамкоронаш бо муҳаббати гарми модарӣ қабул намуд. Ба ибрози ӯ ин ғамхориҳо, ки дар замиинаи сиёсатҳои башардӯстонаи Президенти мамлакат ва дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе амалӣ мегарданад,  метавонанд онҳоро неру  бахашанд ва тавонии касбияти онҳоро боз ҳам боло баранд.

«Ман на танҳо ҳамчун табиб, ҳамзамон чун модар  ин ташаббусҳоро посух ба заҳматҳоям дарёфтам  ва бори дигар эҳсос  кардам, ки модарони пурмеҳри тоҷик ҳамоно бо иҷрои суннатҳои неки аҷдодӣ фарзандонеро ба воя мерасонанд, ки онҳо бо иҷрои беҳтарин кору  аъмол дили садҳо нафарро шод мегардонанд»- афзуд дар идомаи андешаҳои худ Наргис Изаттуллоева.

Калон Наҷмиддинов солҳои зиёдест, ки чун ронандаи Муасиссаи давлатии  махсусгардонидашудаи нақлиёти тибби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки меҳнати имрӯзҳои онҳо бо амалӣ кардани чунин иқдомҳои боварибахш қадр мешавад ва онҳоро боз ҳам ба кор дилгарм месозад.

«Дар урфият мегӯянд, вақте инсон пайи иҷрои коре аз сидқ машғул мешавад, воқеан подоши хуб дарёфт мекунад ва роҳати ранҷи худро мебинад. Имрӯз ман  ҳикмати ин фармударо бо чашми худ дидам ва мушоҳида кардам. Соҳибкори муваффақ Маҳмудҷон Муродов  бо дастгирӣ аз даъватҳои Пешвои миллат ва иқдомҳои наҷибаони Раиси шаҳри Душанбе барои мо ронандагони  муассисаамон кумаки худро расонида, моро боз ҳам хушҳол намуданд», — афзуд ронанда Калон Наҷмиддинов.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкори тоҷик Маҳмудҷон Муродов расонидани чунин кумакҳо ба дигар табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ба таври доимӣ идома меёбад.

Май 16, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Раиси шаҳри Душанбе ба 5 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбон ва беморон кумаки моддӣ расониданд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе»
ТО ИМРӮЗ БЕШ АЗ 512 ҲАЗОР СОКИНОНИ ДУШАНБЕ БА КАРАНТИН ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД. Оид ба тадбирҳои андешида ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар пойтахт
ГАШТУГУЗОР БЕ НИҚОБ ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ! Идомаи амалиёти профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт
АЗ ИНҲО ИБРАТ ГИРЕД! Кумаки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт
«Тоҷикгидроэлектро-монтаж» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизот кумак намуд
ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ лавозимоти зарурии тиббӣ кумак расонид
COVID-19: Фаъолияти кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошинҳо то 31 майи соли 2020 манъ карда шуд
ДУШАНБЕ СОЛИ 2021 ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ МЕГАРДАД. Дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ
МО ДАР ЯКҶОЯГӢ БАР COVID-19 ҒОЛИБ МЕОЕМ! Бо кӯмаки Ӯзбекистон дар Душанбе бемористони сайёр ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ ТАЙЁРИРО БА ЗИМИСТОНИ ОЯНДА АЗ ҲОЛО ШУРУЪ МЕКУНАД. Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 қарор ба тасвиб расонданд
COVID-19. Имрӯз дар заминаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаи муваққатӣ барои 500 ҷой ба табобати беморон шуруъ мекунад

Маводҳои таҳлилӣ