«ШИЛМИ КАМОЛИ БАДБӮЙ РУШДИ ВИРУСҲОРО БОЗМЕДОРАД». Чунин иброз дошт доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»

Май 12, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш баровардани растаниҳои кӯҳиву саҳроии шифобахш, назири чукриву рошак, ров ва ғайраҳо хеле зиёд ба чашм мерасад, ки ба андешаи мутахассисон, истеъмоли онҳо барои пешгирии бисёр бемориҳои сироятӣ нақши калон дорад. Дар робита ба аҳамияти амалии авлоди камол-ferula l.ва намуди камоли тоҷикон хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон Сафарбек РАҲИМОВ суҳбат намуд. 

АМИТ «Ховар»: Устод мегуфтед, ки дар Тоҷикистон чанд намуди авлоди камолҳо мерӯяд. Дар таркиби ин растаниҳо чӣ гуна моддаҳои биологӣ мавҷуд ва барои кадом намуди бемориҳо шифобахш ҳастанд?

Профессор Раҳимов: Дар Тоҷикистон 37 намуди авлоди камолҳо (FERULA  L.) мавҷуд мебошанд, ки 2 намуди онро рошак ва 2 намуди дигари онро ров  номбар менамоянд. Онҳоро ҳамчун растании сабзавотӣ дар аввали баҳор истифода мебаранд. Баргҳои назди решамеваи онҳо ҳамчун мавод барои тайёр намудани атолаҳои гуногун барои табобати касалиҳои шамолхӯрии  роҳҳои нафас ва  зуком васеъ истифода бурда мешавад. Таркиби ин растаниҳо аз моддаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди  мазаи сирпиёзи тунду тез   ва равғанҳои эфирӣ — сулфидҳо, бисулфидҳо, кислотаи резинол  ва эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин,теферин ва ғайра иборатанд.

АМИТ «Ховар»: Истифодаи шираи камол  ҳанӯз дар даврони  антиқа маълум ва аз тарафи падари тибби муосири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино тавсия шуда буд. Оё дуруст аст, ки шираи камол таъсири зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва қавигардонии масуният дорад?

Профессор Раҳимов: Бо сабаби талаботи зиёд доштанаш тайи солҳои охир дар Тоҷикистон  шираи камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M. Pimen.)-ро захира мекунанд. Чунки онро дар саноати тиб ҳамчун доруҳои зидди микробию  вирусӣ ва барои ҳамроҳ намудани он дар таркиби ғизоҳои гуногун, ҳамчун хӯриш истифода мебаранд.

Дар таркиби намудҳои авлоди камол ва юған миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ ва як миқдор қатрон мавҷуд мебошад, ки ин сабаби кам истеъмол  намудани чорво дар ҳолати сабз будани онҳо мегардад, вале дар ҳолати хушк будан (равғанҳои эфирӣ ва қатрон бухор мешаванд) чорво онро хеле хуб истеъмол менамояд. Бинобар ҳамин, камолзор ва юғанзорҳоро дар тамоми мавзеъҳои паҳншавии Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон бештар ҳамчун коҳдарав истифода мебаранд.

Як қатор намуди камолҳо  ба растаниҳои дорувории анъанавии тибби шарқӣ шомил мебошанд. Истифодаи шираҳое, ки аз онҳо ба даст оварда мешаванд, ҳанӯз дар даврони  антиқа маълум буд. Аз онҳо чунин шираҳои фарматсевтӣ, ба монанди асса-фетида, голбана, сунбул, амониакум ва сапаген омода мекарданд.

Ин қатронҳо ҳанӯз аз тарафи ходимони забардасти улуми асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ тавсиф карда шуда буданд. Онҳо барои табобат намудани бемориҳои роҳҳои нафасгирӣ (голбана, асса-фетида), ревматизм (сапаген), диатезҳо, лимфоденитҳо, отитҳо, гастритҳо ва зиён (асса-фетида) истифода бурда мешуданд. Баъзе аз қатронҳои ишорашуда воситаҳои расмии табобатӣ дар Ҳиндустон, Покистон, Эрон, ИМА, Швейтсия, Германия, Португалия ба ҳисоб мераванд.

Камолҳо дар тамоми узвҳояшон, хусусан дар решамева равғани эфирӣ доранд. Накҳатҳои камолҳо хеле гуногунанд. Масалан, бӯйи сирпиёзи тез ва тунд дар равғани эфирӣ аз ҷузъиёти дар таркибашон сулфур дошта (сулфидҳо, бисулфидҳо, кислотаи резинол, аз эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин,теферин ва ғайра) иборат мебошад. Ин моддаҳои фаъоли биологӣ манбаи ҳосил намудани сесквитерпеноидҳо ба шумор меравад, ки онҳо таъсири зиддимикробӣ ва бактериологӣ доранд.

Намудҳои авлоди Ferula L. ҳанӯз дар асрҳои қадим ҳамчун растаниҳои табобатӣ маълум буданд. Ҳанӯз Теофраст (370-285 сол қабл аз қарни мо) навишта буд, ки шираи камолро бо шароб аз баҳри газидани морҳо, каждумҳо, паст кардани дарди пучакҳо менӯшонданд ва бо асал – барои рафъи омосхо истифода мебурданд.

«Шилм-қатрон»-камолҳо дар фармакологияи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда буд ва дар фармакологияи 19 кишвари олам ҳамчун воситаи зидди рагкашӣ ворид гардидааст. Дар Ҳиндустон қатрон барои табобати диспепсия, диарея, холера, диққи нафас, касалии канд, невроз, ревматизм, шохаҳои роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои фалаҷ ва пӯст истифода бурда мешавад. Дар Осиёи Миёна, аз  ҷумла дар тибби анъанавии тоҷикон, аз қадимулайём хилтитро (ҳинди бадбӯй, чахир, охчаир, шираи камол ва ғайраро) ба сифати воситаи зидди спазмаовар, зидди кашиши рагҳо, воситаи табобати меъдаву рӯдаҳо ва инчунин эпилепсия, диққи нафас, касалии сил, диабети қанд, бемориҳои ҷигар, бемориҳои пӯст, омосҳои давомнок ва ғайра истифода мебурданд.

Тибқи маълумоти доктор Тоҳирӣ (Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таҳти № 0000531ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи № 2215749 аз 14. 06. 2001), шираи камол таъсири зиддипаразитӣ, зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва қавигардонии масуният дорад. Тибқи маълумоти Институти микробиология ва вирусологияи АИ Россия, шилми камоли бадбӯйтарин рушди вирусҳоро бозмедорад, метавонад барои табобати оташак (сифилис), сӯзок, гепатити вирусӣ (қубод) ва простатит истифода бурда шавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо гуфтед, ки дар таркиби намудҳои авлоди камол ва юған миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ ва як миқдор қатрон мавҷуд мебошад, ки ин сабаби кам истеъмол  намудани чорво дар ҳолати сабз будани онҳо мегардад, вале дар ҳолати хушк будан чорво онро хеле хуб истеъмол менамояд. Истеъмоли он барои ҳайвонот чӣ фоида дорад?

Профессор Раҳимов: Таркиби шираи камол аз эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин ва теферин иборат мебошад. Дар асоси ин пайвастагиҳо дармони аслӣ тефестое тайёр карда шудааст, ки дар таҷрибаи ветеринарӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокии тухми  мурғ, пешгирӣ намудани қисирмонии гӯсфандон ва чорвои калони шохдор васеъ истифода бурда мешавад.

Қисмати бештари камолҳо, хусусан камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M.Pimen.) растаниҳои муҳими ташкилкунандаи ҷамоаи гуногуни шакли набототи нимсаваннаҳо, чарогоҳӣ ва алафдаравӣ ба шумор мераванд. Дар давраи гул кардани камол ва юған ҷамоаи онҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешавад. Бештари чорводорон ин ҷамоаи растаниҳоро дар давраи шабона мечаронанд, чунки дар ин вақт онро мол хуб мечарад.

Омӯзиши физиологии ин растаниҳо нишон медиҳад, ки дар давраи торикӣ ҷараёни фотосинтез қатъ мегардад, шабҳангом таҷзияи ангиштобҳои мураккаб (оҳар) ба ангиштобҳои сода (глюкоза) шурӯъ мешавад. Аз ҳамин сабаб, пас аз 2-3 соати фарорасии торикӣ ҷамоаи камолзор ва юғанзор барои чаридани чорво мувофиқ мебошад. Дар ҳамин зинаи онтогенетикӣ (давраи пурра гулкунии растанӣ) биосинтези кислотаҳои чарбӣ нисбат ба дигар шохаҳои метаболитикӣ бартарӣ дорад.

Бинобар ин, талхӣ ва тезии камол ва юған аз байн меравад ва чорво поябаргҳои назди решамева ва навдаҳои гулкунандаи онҳоро чарида метавонад, ки сабаби солимии  ҳайвонот мегардад.  Баъд аз ин вазни онҳо зиёд ва пашмашон дурахшон мешавад. Бо  назардошти он ки дар камол моддаҳои аз лиҳози биологӣ фаъол вуҷуд дошта, паразитҳои дохилиро нест мекунанд, дар ҳайвонҳо кори меъдаву рӯда муътадил мегардад ва чорво дар муддати кӯтоҳ ба фарбеҳшавӣ сар менамояд. Фақат бо ҳамин сабаб чорворо дар фасли тобистон ба чарогоҳи тобистона мебаранд, ки он солим гашта, фарбеҳ шавад. Истифодаи самараноки чарогоҳи юғану камолзор бояд шабона гузаронида шавад. Вале на ҳамаи чӯпонон чорворо шабона мечаронанд, бинобар ҳамин моли онҳо солим намегардад, фарбеҳ намешавад ва сабаби талафёбии онҳо дар фасли зимистон, махсусан давраи гирифтани насл (охири феврал, аввали моҳи март-апрел) мегардад.

АМИТ «Ховар»: Навъҳои авлоди камол ба ғайр аз маводи доруворӣ боз чӣ аҳамиятдоранд?

Профессор Раҳимов: Растаниҳои ин авлод аҳамияти калони ғизоӣ, асалдиҳӣ, хӯроки чорво, ба вуҷуд овардани ҷамоаҳои гуногуни наботот, доруворӣ, ороишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра доранд.

Аз лиҳози муносибатҳои амалӣ, навъҳои авлоди камол асосан барои  фаъолияти зерин истифода бурда мешаванд: 1) ҳамчун растаниҳои бисёр хуби хӯроки чорво (чарогоҳӣ ва алафдаравӣ); 2) яке аз растаниҳои бавуҷудоварандаи ҷамоаҳои гуногуни нимсаванна ва шибляк; 3) растаниҳои дорувории тибби анъанавии шарқӣ ва мардумӣ, ки ба сифати манбаи дармонӣ ояндаи калон доранд; 4) растаниҳои хушбӯй, эфиру равғанӣ ва шаҳдбор; 5) маводи сӯзишворӣ дар шароити дашт ва биёбонӣ; 6) маводи сохтмонии сода дар шароити дашт ва биёбон (аз пояҳои хушкшудаи онҳо чапараки ҳели моли майда сохта мешавад, ки чорворо дар дохили он нигоҳ медоранд); 7) бештари намудҳои камолҳои баргкалон  растаниҳои ороишӣ ба шумор мераванд.

Баъзе аз намудҳои камолҳо дар Осиёи Миёна аз қадимулайём ҳамчун растании ғизоӣ васеъ истифода бурда мешаванд (F. karelinii Bunge, F. sibirica Wild.,F. dubjanskyi Korov.ex Pavl., F. schtschurowskiana Regel et Schmalh., F. violacea Korov., F. eugenevi R.Komel.). Аз ҷумла, аҳолии Ҳиндустон, Покистон ва Ҳинду Чин  Ferula tadshikorum M. Pimen. ва F. foetidissima Regel et Schmalh., F. foetida (Bunge) Regel — ро ба сифати хӯриш дар таркиби хӯрокиҳои гуногун (гӯшт, сабзавот, маҳсулоти биринҷӣ, карами баҳрӣ) васеъ истифода мебаранд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо масъалаи ҳифзу оқилона истифода бурдани растаниҳои фоидаовар ва ғизоӣ хеле ташвишовар мебошад. Ин гуна растаниҳо дар натиҷаи ҷамъоварӣ ҳамчун гиёҳҳои доругӣ, мевадиҳанда, хӯроки чорво, ороишӣ ва ғ. ба ҳадди нестӣ расида истодаанд. Албатта, табиат низ инсониятро барои чунин амалаш бе туҳфаи «сазовор» намемонад. Нестшавии камол чӣ гуна зарари экологиро метавонад ба миён оварад? 

Профессор Раҳимов: Бо аломатҳои ғизоӣ ва хусусияти табобатӣ доштан камоли тоҷиконро дар тамоми мавзеъҳои сабзишашон давоми 20 соли охир бо мақсади гирифтани шираи он ҷамъоварӣ менамоянд, ки дар натиҷа ин растанӣ то ба давраи гулкунӣ намерасад, бинобар ин,  рӯ ба нестӣ оварда истодааст.

Дар мавриди нестшавии камол, шакли набототи нимсаванна  пурра аз байн меравад, ки оқибати он зарари ҷиддии экологиро ба миён меоварад, замини он пурра эрозия мегардад. Дар натиҷаи нестшавии камол аз байн рафтани чорводорӣ, тундбодҳо, омадани ярч, сел, касалиҳои гуногуни бактериологӣ, вирусологӣ  ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

P.S. Истеъмоли ғизои солим дар пешгирии бисёр аз бемориҳо нақши калон дорад. Албатта, инсон ба истифодаи гӯшт эҳтиёҷ дорад, вале истифодаи аз миқдор зиёди он метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Қабули ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои организм хеле зарур аст. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сияҳалаф ва модел дар таркиби худ витаминҳои зиёд доранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд.  Дар организм, ки витаминҳо кам шуд, тамоми касалиҳо хуруҷ мекунанд. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар баробари истеъмоли ғизои солим, аз ҷумла, алафҳои кӯҳиву саҳроӣ ва сабзавоти тару тоза ба ҳаракати ҷисмонӣ низ машғул шавем. Пешгирӣ ҳамеша аз табобат беҳтару камхарҷтар аст. Дар ҳолати гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ набояд ҳаросем. Дар баробари доруҳои тавсиядодаи табибон бояд аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун пухта, истеъмол намоем, то тамоми бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирусро сабуктар гузаронем.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Сафарбек РАҲИМОВ (тав. 4.03.1947), биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007) солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)  таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1971– 1972 лаборанти калон, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2000–2006 дар вазифаи мудири боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶТ фаьолият намудааст. Солҳои 2006–2007 дар докторантураи назди Боғи марказии ботаникии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия таҳсил намудааст. Соли 2008 муовини директори Институти ботаникаи АИ ҶТ оид ба корҳои илмӣ буд. Соли 2009 ҳамчун декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Ҳоло профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон аст.

Муаллифи зиёда аз 55 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои биоморфологияи намояндагони флораи нимсаванни Помиру Олой, махсусан растаниҳои бегонаи заҳрнок, алафдарав ва доругӣ  дарбар гирифтаанд. Дар доираҳои илмӣ ӯро ҳамчун биоморфологи баландихтисос этироф менамоянд. Бо ташаббуси ӯ соли 2008 як гурӯҳ биоморфологҳои Боғи марказии ботаникии сибирии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия барои ҳамкории илмӣ ба Тоҷикистон омаданд ва шартномаи ҳамкорӣ оид ба таёр намудани мутахассисон бо Институти ботаникаи АИ ҶТ баста шудааст.

Май 12, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст