ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қоидаи овоздиҳӣ дар интихобот чӣ гуна аст?

Февраль 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. То рӯзи интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ду рӯз боқӣ мондааст. Дар интихобот шаҳрванди Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот синнаш ба 18 расида бошад, ҳуқуқи интихоб кардан  дорад. Қоидаи  овоздиҳӣ дар интихобот чӣ гуна аст? Дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ доданд.

Дар рӯзи интихобот шаҳрванд бояд ба назди аъзои комиссияи участкавии интихобот рафта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро пешниҳод намояд. Дар муқобили ному насаби худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо гузорад. Узви комиссияи участкавии интихобот ба шаҳрванд ду бюллетени интихоботӣ медиҳад, то ба кабинаи овоздиҳии пинҳонӣ барои интихобкунандагон даромада, бо мазмуни бюллетенҳо шинос шавад. Дар бюллетенҳои интихобот дар хоначаи холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ҳизбҳои сиёсие, ки шаҳрванд ба тарафдориаш овоз додан мехоҳад, бояд аломати ҷамъ (+) гузорад.

Агар бар зидди ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ё ҳизбҳоии сиёсӣ овоз доданӣ бошад, дар бюллетенҳои иинтихобот, дар хоначаи холии сатри (муқобили ҳамаи номзадҳо) ва (муқобили  рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ) аломати ҷамъ (+) гузорад. Бюллетенҳои пуркардашударо бояд ба қуттии интихоботӣ партофт.

Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Пирова иброз медорад, ки тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Дар асоси Конститутсия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушду такомули ниҳодҳои демократӣ дар заминаи ифодаи иродаи мардум, расмиёти татбиқи онҳо мутобиқи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби умум эътирофшуда ҳадафу вазифаи давлати ҳуқуқбунёд ва яке аз заруртарин омилҳои суботи ҷомеа ва таҳкими қонуният мебошад.

Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.

Ба иттилои коршинос, шароити интихоб нашудан ва ба мақоми аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ муайян намудааст.

Принсипи баробарҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки ҳар интихобкунанда ҳуқуқи танҳо як овоз дошта, мавқеъ, мақом ва дигар сифатҳо ба шаҳрванд набояд таъсир расонанд. Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд