Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид

Март 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 марти соли 2025 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи тасдиқи натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, аз вилояти Суғд №2, аз вилояти Хатлон №3, аз шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, ки 28 марти соли 2025 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ.

Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳодҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатии болозикр 25 номзад ба қайд гирифта шуда буд.

Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ  28 марти соли равон гузаронида шуд. Дар асоси протоколҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ҳавзавии интихоботии бисёрмандатӣ дар интихобот аз нисф зиёди шумораи умумии вакилони интихобкунанда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, аз вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, аз вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи гуфташуда оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятнок ҳисобида шуданд.

Дар асоси моддаҳои 51 ва 52 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи 28 марти соли 2025 номзадҳои зерин бо гирифтани шумораи зиёдтари овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд:

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1

  1. Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
  2. Назарзода Ризо Шодӣ, раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  3. Раҷабзода Зунайда Абунаср, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  4. Иматшозода Анвар Иматшо, раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  5. Носирзода Умедҷон Саидҷон, раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд №2

  1. Аҳмадзода Раҷаббой, раиси вилояти Суғд
  2. Рустамзода Замира Темурмалик, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон»
  3. Ғафурзода Дилором, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд
  4. Маъмурзода Адҳам Маъмур, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
  5. Холиқзода Абдухолиқ Санавбар, раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар
вилояти Хатлон №3

  1. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон
  2. Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
  3. Назирӣ Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
  4. Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
  5. Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар
шаҳри Душанбе №4

  1. Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе
  2. Каримзода Мунира Бобохон. сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кўдакона»
  3. Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»
  4. Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
  5. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар
шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5

  1. Акрамзода Парвиз Акрам, раиси шаҳри Турсунзода
  2. Носирзода Ҷаббор, раиси шаҳри Ҳисор
  3. Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳияи Рўдакӣ
  4. Абдураҳимзода Шоира Абдуғаффор, муовини раиси шаҳри Ваҳдат
  5. Идизода Зарина Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт

Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Парлумон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мешавад
Маҳмадтоир Зокирзода: «Даъвати шашум давраи беҳтарин дар корномаи касбии вакилон мебошад»
Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Пагоҳ иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 март баргузор мегардад
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд»
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд