Эмомалӣ Раҳмон: «18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд»
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд ва боиси ифтихор мебошад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуданд.
Пешвои миллат афзуданд, ки «чанд рӯз пеш дар мамлакат интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, яъне мақоми олии қонунгузори ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар фазои орому осуда баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ занону модарон ва духтарон фаъолона иштирок карданд, ки ба ҳамаи онҳо сипосу миннатдорӣ баён менамоям».
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти саҳми муассири занон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
«Мо ба масъалаи мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занон таваҷҷуҳи хосса медиҳем ва ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷибашон шароиту имконияти мусоид муҳайё менамоем. Аз ҷумла, тибқи вазифаҳои дар паёмҳои Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар чор соли охир чор санади муҳим қабул карда шуд, ки ҳоло амалӣ мегарданд. Ҳадафи асосии ин санадҳо фароҳам овардани шароиту имконияти зарурӣ барои истифодаи пурраи қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, мусоидат ба пойдории оила ва ба ин васила таъмин намудани рушди устувори ҷомеа мебошад»,- изҳор намуданд Пешвои миллат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд






