АМАЛИ ПУРАРЗИШИ БАШАРДӮСТОНАИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Cубҳи барвақт 50 мошини вазнини боркаш бо маводи ғизои либос, аробачаҳои маъюбон ва компютеру принтерҳо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд. Эҳтиёҷоти мардуми деҳоти дурдасти кӯҳистон, ба хусус Кӯҳистони Бадахшон пай-васта зери назар ва мавриди ғамхорию дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар арафаи иди Ваҳдати миллии Тоҷикистон расондани кӯмаки башардӯстона ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизот шаҳодати татбиқи сиё-сати мусоиди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Прези-денти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Кӯмаки башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 5 ҳазор оилаи камби-зоати ВМКБ расонда мешавад. Ба ҳар яки ин оилаҳо 50 килограмӣ орд, 20 килограмӣ биринҷ, 20 килограмӣ шакар ва 10 килограмӣ равғану 10 килограмӣ макарон дастрас ме-гардад. Вазни умумии маводи ғизоӣ 550 тоннаро ташкил медиҳад. Кӯмаки башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз 100 ароба-чаи маъюбӣ ва 105 компютер иборат аст. Бо ин шумора тамоми маъюбони вилоят пурра бо аробачаҳои махсус ва ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон пурра бо компютер таъмин мегарданд. Ғайр аз ин ба тарбиятгирандагони ҳамаи 18 мактаб-интернат ва дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки шумораи умумиашон 650 нафарро ташкил медиҳад, либос ва пойафзол фиристода шуд. Кӯмаки мазкур, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиону 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ва Фонди захиравии Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гаштааст. Ин амри башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон басо арзишманд ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки имрӯз 321 мактаби таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 1255 компютер таъмин мебошанд. Бо 105 компютери имрӯз фи-ристодашуда минбаъд ба ҳар 16 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар қаламрави ҷумҳурӣ хоҳад буд. Ҳамчунин месазад ёдовар шавем, ки эҳтиёҷоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Ба-дахшон — ин гӯшаи дурдаст ва басо зебою хушбоду ҳавои Тоҷикистон пайваста зери ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва аксари кулли талаботи он бинобар шароити номусоиди ҷуғрофӣ ва иҷтимоию иқтисодиаш аз ҳисоби субвенсия ё худ маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ қонеъ гардонда мешавад. Ҳаминро гуфтан кофист, ки дар давоми солҳои 1995 — 2007 — ум ва семоҳаи якуми соли 2008 — ум аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ВМКБ 160 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Дар соли 2008-ум бошад, барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят 41 млн. сомонӣ субвенсия пешбинӣ гашта, дар семоҳаи якуми он 8,2 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ до-данд.