Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад

Февраль 7, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 44 иншооти таъйиноти фарҳангӣ бунёд гардида, дар айни замон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад. Ҳамзамон 4 иншоот дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад. Дар ин хусус 26 январ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Инчунин 120 иншооти таъйиноти фарҳангӣ — 59 китобхона, 39 қаср ва хонаи фарҳанг, 4 осорхона, 11 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 6 мактаби мусиқӣ таъмир ва навсозӣ карда шуда, 11 китобхона ба биноҳои нав кӯчонида ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Корҳои сохтмони бинои маъмурии вазоратро 13 марти соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд ба 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда шаванд.

Театри миллӣ

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад. Театр на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда низ хизмат карда, ҳамчун ёдгории оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ мемонад.

Тавре 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид намуданд, «дар пойтахти мамлакат– шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имконияти муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми мамлакат ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад».

Ёдовар мешавем, ки сохтмони Театри миллӣ 17 марти соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.  Тарҳи он яке аз беҳтарин биноҳои пойтахт ба ҳисоб меравад.  Лоиҳаи он давоми панҷ сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои давлатҳои пешрафтаи олам омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошад.

Театри миллии Тоҷикистон аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору дафтарҳои сершумори кории дигар иборат мебошад.

Толори асосии он барои 2500 тамошобин пешбинӣ шудааст.  2 толори дигар- яке 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст хоҳад дошт. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир карда мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд