МУТАХАССИСОНИ ФАРОНСА МАЙДОНИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕРО ТАРМИМ МЕКУНАНД
Намояндаи низомии Фаронса дар сафоратхонаи ин мамлакат Стефан Самаран зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи ҳадафу вазифаҳои гурӯҳи мазкур нақл кард. Вай зимни шиносоӣ изҳор намуд, ки дар бисёр минтақаҳои ноороми ҷаҳон, аз ҷумла Кот-де- Ивуар, Чад ва Босния хизмат кардааст. Бинобар ин чӣ будани хизмати ҳарбӣ ва дурӣ аз Ватанро хуб медонад. Стефан Самаран зикр намуд, ки вазифаи асосии хизматчиёни ҳарбии Фаронса дар Душанбе таъминоти қисми ҳарбии мамлакаташ дар Афғонистон ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад. Мо хизматчиёни ҳарбӣ ва борҳои заруриро ба Афғонистон мефиристем, — гуфт вай. Мутахассисони мо инчунин хатти парвозу нишасти майдони ҳавоии шаҳри Душанберо тармиму таҷдид менамоянд. Гурӯҳи маҳдуди низомии Фаронса дар Душанбе тақрибан 230 нафарро дар бар мегирад. Онҳо сарнишинони ҳавопаймоҳо, муҳандисон, механикҳо ва кормандони тиб мебошанд. Ҳавопаймоҳои низомии Фаронса вобаста ба вазъият ва талабот ба Афғонистон парвоз мекунанд. Степан Самаран афзуд, ки тармими хатти парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар майдони ҳавоии Душанбе босуръат давом дорад. Коргарон қабати қири кӯҳнаро пурра тоза карда, ба ҷои он қабати нави қирро мехобонанд. Баъди анҷоми корҳо ҳавопаймоҳои калону вазнинтарин дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд омада метавонанд. Сифати асфалт бевосита дар озмоишгоҳи идораи ҳавопаймоии мулкии Фаронса санҷида мешавад. Масолеҳи зарурӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Қайд карда шуд, ки тармими хатти парвозу нишасти майдони ҳавоӣ дар арафаи мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай анҷом дода мешавад. Ҳавопаймоҳои меҳмонон дар ҳамин ҷо фуруд меоянд, гуфт афсари фаронсавӣ. Қайд карда шуд, ки низомиёни фаронсавӣ ҳамроҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тадбирҳои гуногунро амалӣ месозанд. Аз ҷумла бо кӯмаки мутахассисони фаронсавӣ дар вазорат курси омӯзиши забони фаронсави кушода шудааст. Инчунин ҳар сол гурӯҳи афсарони тоҷик барои таҳсил ба Фаронса фиристода мешаванд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






