КОНСЕРВАТОРИЯ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА ИҶОЗАТНОМА ГИРИФТ
Ин озмун ҳар сол моҳи декабр, барои сайқал додани маҳорати иҷрокунандагии донишҷӯён гузаронида мешавад. Озмун дар ду давр- даври аввал дар сатҳи кафедраҳои тахассусӣ ва деканат, даври охирин дар сатҳи Консерватория, бо иштироки доварони касбӣ сурат мегирад. -Ҳамроҳ бо ин хабар мехоҳам муждаи дигареро расонам,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ректори Консерватория, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Раҷабмад Амиров,- Консерваторияи миллӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз атестатсияи давлатӣ гузашта, барои 5-соли оянда иҷозатнома оид ба намудҳои гуногуни фаъолият, аз рӯи 17-ихтисос гирифт. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи шароитҳоро барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи мусиқӣ муҳайё сохта, сифати тайёр намудани кадрҳоро беҳтар намояд.