МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Июль 8, 2008 10:54

Дар машварат масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, Cоли забони тоҷикӣ, рафти татбиқи нишондодҳои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти оуқаворӣ, тезондани ҷамъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои обӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола ва масъалаҳои омодагӣ ба зимистони солҳои 2007-2008 баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин баҳри ривоҷ додани корҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва гузарондани кишти такрорӣ гузориши Вазири кишоварзӣ ва раисони ноҳияҳои атрофи пойтахт шунида шуд. Зикр гардид, ки то имрӯз дар 45 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуда, дар заминҳои боқимондаи обӣ ин кор муташаккилона идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба рафти кишти такрорӣ ҳар ҳафта ба ӯ ахборот пешниҳод карда шавад. Оид ба натиҷаҳои нимсолаи фаъолияти хоҷагии халқи кишвар зикр гардид, ки афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 5,8 дар садро ташкил дод. Буҷети давлатӣ ба андозаи 117,2 дар сад иҷро шуда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 655 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба нақша 243 миллион ва нисбат ба соли гузашта 573 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таъкид гардид, ки захиракуниии маводи сӯхту озуқаворӣ ва кушодани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. То охири сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 25 нерӯгоҳи хурди обӣ сохта ба кор дароварда мешавад, ки барои таъмини аҳолии деҳот бо нерӯи барқ дар фасли зимистон хеле муҳим аст. Дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулин оид ба таҷлили иду ҷашнҳои номбурда, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум аҳамияти бағоят зиёд доранд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Июль 8, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд