ТОҶИКИСТОН ХОНАИ УМЕДИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН АСТ
Мавриди зикр аст, ки бо ташкили Анҷумани «Пайванд» бисёр ҳамватанони мо аз кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб ба ватани аҷдодиашон омада, бо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ошно гардиданд ва бо ифтихор ин сарзаминро хонаи умеди худ хонданд. Нақши Анҷумани «Пайванд» дар тавсиа ва таҳкими робитаю муносибатҳои дӯстонаю ҳасана бо ҳамватанону ҳамзабонони мо, ки муқими Афғонистону Эрон, Чину Ҳиндустон, Олмону Канада, Амрикову Британияи Кабир, Фаронсаву Ҳоланд, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия мебошанд бузург аст. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Зафар Зарифов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Анҷумани «Пайванд» дар фаъолияти худ ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ, омӯзиши ҷамъиятҳои миллӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикон ва барқарор кардани робитаҳо бо онҳо, доир намудани Анҷуманҳои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, шинохти тоҷику тоҷикистониён аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Анҷумани «Пайванд» дар баъзе кишварҳои ҷаҳон шӯъбаҳои худро дорад, ки онҳо баҳри тақвияти ҳамкории илмию фарҳангӣ ва шинохти тоҷику тоҷикистониён корҳои шоёнеро ба сомон расониданд. Аз давраи таъсисёбӣ дар шаҳри Душанбе 6 маҷлиси умумии Анҷуман доир гардид, ки дар он меҳмонони зиёд ва тоҷикону форсизабонони ҷаҳон иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






