БОЗДИДИ Д.МЕДВЕДЕВ ВА Э.РАҲМОН АЗ МАВҚЕИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ЧТ

Август 30, 2008 10:14

              Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»). — Сарони давлатҳои Русия ва Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон 29 август аз мавқеи пойгоҳи низомии 201 — уми Русия боздид ба амал оварданд, ки дар каламрави Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Сарони ҳар ду давлатро фармондеҳи пойгоҳи низомӣ, генерал — майор Алексей Завизон пешвоз гирифт. Вай ба сарварони ҳар ду давлат пешниҳод кард, ки дар аввал намунаи навъҳои гуногуни техникаи ҳарбиро аз назар гузаронанд. Бояд гуфт, ки пойгоҳи низомӣ бо техникаи навтарин мусаллаҳ карда шудааст. А.Завизон зикр намуд, ки ҳамаи мошинҳои дар намоиш гузошташуда нав ва қобили кор буда, мунтазам дар машқҳо истифода карда мешаванд.               Д.Медведев ва Э.Раҳмон баъди аз назар гузаронидани техникаи ҳарбӣ ба ситоди пойгоҳи низомӣ омаданд. Фармондеҳи пойгоҳи низомӣ дар ин ҷо ба онҳо дар бораи фаъолияти пойгоҳ ва таъминоти он ҳисобот дод. Қайд карда шуд, ки солҳои охир ягон хизматчии ҳарбӣ дар бораи пеш аз мӯҳлат аз хизмат озод шудан ариза надодааст. Ба қавли фармондеҳи пойгоҳи низомӣ, ҳамаи аскарону афсарон бо манзил ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд. Фармондеҳи пойгоҳ ба сарони ҳар ду давлат иттилоъ дод, ки роҳбарияти он бо мақомоти Тоҷикистон самарабахш ҳамкорӣ мекунад.

Август 30, 2008 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст