КОРХОНАҲО БА МАВСИМИ НАВ ТАЙЁРАНД
Муовини директори маркази мазкур Аскаралӣ Соҳибназаров изҳор намуд, ки тафтиш дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба мавсими ҷамъоварии ҳосил гузаронида шуд. Вай зикр намуд, ки танҳо дар ду корхона асбобҳои андозагир ба талаботи стандарт ҷавоб надоданд. Ба роҳбарияти ин корхонаҳо супориш дода шуд, ки камбудиҳои мавҷударо сари вақт бартараф созанд. А.Соҳибназаров зикр кард, ки айни ҳол дар минтақаи Қӯрғонтеппа зиёда аз 20 корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд аст ва 90 фоизи онҳо ба мавсим пурра тайёранд.