МУЛОҚОТИ ХУ СЗИНТАО БО РАИСОНИ ПАЛАТАҲОИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Раиси Ҷумҳурии Чин Ху Сзинтао бо раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев мулоқот кард. Зимни сӯҳбат таъкид карда шуд, ки кӯмакҳои техникии Чин ба Тоҷикистон дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, сохтмони роҳҳо ва туннелҳо намунаи барҷастаи равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории самарабахши ҳар ду кишвар мебошад. Раисони ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон изҳор карданд, ки мақомоти олии қонунбарори мамлакат барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини фазои ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва такмили қонунгузории мамлакат тадбирҳо меандешанд. Аъзои парлумони Тоҷикистон дар замина бо Маҷлиси намояндагони халқи саросари Чин ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, таҷрибаи бойи парлумони ин мамлакатро дар соҳаи эҷоди қонунҳо меомӯзанд. Дар ҷараёни сӯҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду мамлакат аз таҷрибаю имкониятҳои худ барои афзунтар гардондани обрӯю эътибор ва мақоми Созмони ҳамкории Шанхай дар арсаи ҷаҳон самарабахштар истифода мебаранд. Раиси давлати Чин ба мусоҳибонаш барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, паёми раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони саросари Чин У Бангоро ба онҳо супорид ва раиси Маҷлиси намоядагон Сайдулло Хайруллоевро даъват кард, ки ба Чин ташриф орад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






