НИШОНДОДИ БАЛАНДТАРИН
Дар ин қисмати ҷумҳурӣ, ба ҷои 15 ҳазору 177 гектар дар масоҳати 17 ҳазору 805 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 117,3 фоизи нақша баробар аст.Миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияи Ҳисор аз ҳама бештар.- ба ҷои 1030 дар масоҳати 2 ҳазору 313 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро анҷом додааст, ки ин иҷрои нақшаро 224,6 фоиз таъмин мекунад.