ПЕШНИҲОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сарони давлатҳои аъзои СҲШ 28 август зимни мулоқоташон дар Душанбе ба проблемаи хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор диққати ҷиддӣ доданд Ташвиши онҳо дар ин масъала дар Баёнияи муштарак инъикос ёфтааст, ки онро сарони ҳамаи шаш мамлакати аъзои созмон имзо намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маҷлис дар бораи мавқеи Тоҷикистон оид ба ин масъала сухан ронд. Вай зарурати густариши ҳамкориро бо созмонҳои манфиатдори минтақавӣ, инчунин СММ ва САҲА дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор махсус таъкид намуд. Сардори давлати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе маркази махсуси зидди маводи нашъадори СҲШ таъсис дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор танҳо дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҳукумати Афғонистон натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст. Сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар фарҷоми маҷлис ба хадамоти мубориза ба муқобили маводи нашъадори мамлакатҳояшон дастур доданд, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои муқаррар намудани механизми мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муайян кардани стратегия ва барномаи бастани роҳҳо қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ниммаи аввали соли 2009 маҷлиси махсус гузаронанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






