ТЕЪДОДИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ КАМ ШУД

Август 22, 2008 08:52

Имсол шӯъбаи Донишкадаи иқтисод ва як шӯъбаи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бори аввал донишҷӯёнро қабул хоҳанд кард. Сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф Алидод Расулов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чанд сол пеш дар ҷумҳурӣ мактаби олӣ фаъолият дошт. Айни ҳол дар мамлакат ҳамагӣ 28 мактаби олӣ фаъолият дорад. Сабаби кам шудани теъдоди мактабҳои олӣ ҳамин аст, ки баъзеи онҳо аз санҷиши давлатӣ нагузашта, соҳиби иҷзатномаи фаъолият нагардиданд. Аз ҷумла, соли 2006 чор мактаби олӣ баста шуд. Соли 2007 дар Душанбе мактаби нави олӣ — Донишкадаи исломӣ кушода шуд.Соли таҳсили 2008 -2009 ба хамаи мактабҳои олии мамлакат қариб 25 ҳазор донишҷӯ қабул карда мешавад. Аз ин ҷумла, 15,5 ҳазор донишҷӯ мувофиқи карордод ва 9 ҳазор донишҷӯ ба шӯъбаҳои буҷетӣ қабул карда хоҳанд шуд. Шумораи донишҷӯёне, ки мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд, сол то сол меафзояд. Соли равон аз рӯи ин имтиёзҳо ба мактабҳои олӣ 1007 донишҷӯ қабул карда мешаванд. Бо ин мақсад барои ВМКБ 120 ҷой, вилояти Суғд – 252 ҷой, вилояти Хатлон 354 ҷой ва ноҳияҳои тобеи марказ 253 ҷой ҷудо карда шудааст.

Август 22, 2008 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад