ҲАМАИ ҚАРЗДОРОН АЗ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ БАРҚ МАҲРУМ КАРДА МЕШАВАНД

Сентябрь 2, 2008 15:15

             Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Раиси ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» таъкид кард, ки ҳамаи қарздорон аз истифодаи қувваи барқ маҳрум карда мешаванд. Ш. Самиев сабабҳои дар мамлакат ҷорӣ кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқро шарҳ дода, гуфт, ки баъзан рӯзона қатъ гардидани интиқоли барқ ба ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ ягон вобастагӣ надорад. Сабаби ин тармими хатҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо ва бунгоҳҳои иловагии тақсими қувваи барқ аст. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон то охири моҳи август қарзи худро ба Ӯзбекистон пурра баргардонда, ба ивази қарз ба ин мамлакати ҳамсоя 900 миллион киловатт — соат қувваи барқ дод.           Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябр дар Тоҷикистон таъминоти қувваи барқ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат ба истиснои шаҳри Душанбе маҳдуд карда шуд. Ба қавли Ш.Самиев, сабаби ин иқдом кам будани захираи об дар обанбори Норак мебошад. Зикр шуд, ки айни ҳол ҳар сония ба обанбори мазкур 900 метри мукааб об ворид мегардад. 860 метри мукааби он барои истеҳсоли қувваи барқ сарф карда мешавад. Айни ҳол сатҳи оби обанбор нисбат ба соли гузашта 9 метру 40 сантиметр паст мебошад. Ш.Самиев хабар дод, ки аз 1 сентябр сар карда, интиқоли қувваи барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ аз соати 22 — ю 30 дақиқа то соати 3 — ю 30 дақиқа қатъ карда мешавад.  Вай хабар дод, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар бораи интиқоли қувваи барқ ба мамлакат дар фасли зимистон қарордод имзо кардааст.

Сентябрь 2, 2008 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд