ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Сентябрь 24, 2008 15:43

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дар ҷашнвораи сеюми байналмилалии «Арт Ӯрда», ки аз 23 то 30 октябр дар пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек баргузор мегардад, асари саҳнавии Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов «Рӯзи дарозтар аз аср» намоиш дода мешавад. Ҷашнвораи мазкур солҳои гузашта ба муносибати таҷлили рӯзи таваллуди нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов гузаронида мешуд. Баъди вафоти нависанда, ҷашнвора барои поси хотири ӯ гузаронида мешавад. Шарти асосии ҷашнвора ҳамин аст, ки асарҳои саҳнавии ба он пешниҳодшуда бояд аз эҷодиёти Чингиз Айтматов интихоб карда шаванд. Асари саҳнавии Театри ҷавонони Тоҷикистонро коргардон Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Асар дар ҷашнвораи мазкур бори аввал намоиш дода мешавад.

Сентябрь 24, 2008 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад