ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «СИТОРАИ СОЛ»
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 4 октябр дар Кохи Борбад озмуни «Ситораи сол» ҷамъбаст карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки озмуни мазкур аз соли 1996 инҷониб баргузор мегардад. Ин озмун то имрӯз се маротиба гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки иштирокчиёни консерти хотимавии озмунро хонандагони ҳафтаномаи «Оила» дар давоми 9 моҳ интихоб намудаанд. Дар оғози эълони озмун 80 ҳунарпеша барои иштирок дар он ариза дода буд, вале хонандагони ҳафтанома дар ин муддат ба тарафдории 20 овозхон овоз дода, онҳоро «Ситораи сол» номиданд. Овозхонҳо Сироҷиддин Фозилов, Шабнами Сурайё ва Таҳмина Ниёзова аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳамаи овозхонҳое, ки дар консерти хотимавӣ иштирок менамоянд, бо дипломҳо ва муҷассамаҳои заррини дар шакли ситораи панҷгӯшаи ба пояи булӯрин насбшуда мукофотонида мешаванд. Ба консерти хотимавии озмун дастаи раққосони балети «Виват» — и Қазоқистон низ даъват шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






