АМАЛИЁТИ «БАЧАГОН» ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Сентябрь 11, 2008 17:09

Қӯрғонтеппа, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Имрӯзҳо дар саросари вилояти Хатлон амалиёти «Бачагон» давом дорад. Ҳадафи амалиёт кам кардани миқдори фалокатҳои роҳу нақлиёт, пешгирии ҳалокати бачагон ва маъюб гардидани онҳо дар натиҷаи чунин фалокатҳо мебошад. Корманди калони Идораи бозрасии давлатии автомобили вилоят Ёрмаҳмад Давлатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз аввали сол дар ин ҷо 242 фалокати роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин фалокатҳо 106 нафар ҳалок ва 273 нафар маҷрӯҳ шуд. Ё.Давлатов хабар дод, ки дирӯз дар натиҷаи фалокати нақлиёт дар ноҳияи Қубодиён боз як ноболиғ сахт маҷрӯҳ шуд. Сокини ҳамин ноҳия Баҳодур Ниёзов савори мотоцикл талабаи синфи чоруми мактаби миёнаи рақами 50 хоҷагии «Қубодиён» Ғайрат Бектошевро зер кард. Ғ.Бектошев дар натиҷаи фалокат сахт маҷрӯҳ шуда, ба шифохона фиристода шуд. Ё. Давлатов хабар дод, ки дар вилоят аз аввали сол бар асари фалокатҳои нақлиёт 18 нафар ноболиғ ҳалок ва 73 нафари дигар маҷрӯҳ шуд.

Сентябрь 11, 2008 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст