БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ФИРОРИЁН
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи байниидоравӣ дар масъалаи хариду фурӯши одамон Рамазон Раҳимов бо Комиссариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози минтақавии он дар Осиёи Марказӣ Сезар Дюбен мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба буду боши фирориёни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат дошта, баррасӣ шуданд. Роҳбари намояндагии Комиссариати Олии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илья Тадорович дар мулоқот иштирок дошт.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






