ДАР ХУҶАНД БИНОҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

Сентябрь 2, 2008 13:23

              Хуҷанд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд 1 сентябр мағозаи нави китоби «Ганҷина» кушода шуд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, инчунин шоирону нависандагон, олимон ва зиёиён ширкат варзиданд. Барои сохтмони бинои мағоза 680 ҳазор сомонӣ сарф шуд.              Бояд гуфт, ки бинои мағоза бо маблағи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуд. Дар ошёнаи аввали бино китобхона ва дар ошёнаи дуюми он корхонаҳои илмӣ ҷой дода шуданд.            Айни ҳол мағоза дорои бештар аз 5000 ҷилд китоб мебошад. Толори хониши он барои 40 нафар пешбинӣ шудааст.           Дирӯз инчунин дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи ресторани нави «Роҳат» баргузор гардид. Бинои ресторани мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Роҳат Усмонова бунёд намуд.            Дар ресторан якбора ба 220 нафар хизмат расонда мешавад. Барои сохтмони бинои ресторан бештар аз 300 ҳазор доллари ИМА сарф шуд.                                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А. 

Сентябрь 2, 2008 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд