ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ЗИЁД, КИШОВАРЗӢ КАМ

Сентябрь 30, 2008 08:48

Душанбе, 29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 782,8 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба сатҳи соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои Вазорати кишоварзӣ бошад баръакс, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 198,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз кам аст. Аз рӯи тақсимоти минтақавӣ дар тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳамаи корхонаҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин карданд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нишондиҳандаҳои асосии саноат ҳамагӣ 98,1 фоиз иҷро шуд.

Сентябрь 30, 2008 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад