КОМИССИЯИ АВРУПО БА ХАТЛОН БАРОИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ ОҚСИЛИ ЧОРВО КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ҳамроҳи муассисаи озуқа, кишоварзӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ дар вилояти Хатлон барномаи беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолиро бо роҳи пешгирию табобати бемории оқсили чорво ва кам кардани таъсири он ба саломатии одамон амалӣ месозад. Барнома дар давоми 19 моҳ иҷро карда мешавад. Комиссияи Аврупо барои иҷрои барнома бештар аз як миллион евро ҷудо хоҳад кард. Дар доираи барнома ба тамоми чорвои хонагию ҷамъиятӣ дар давоми як сол ду бор дору гузаронида, ба аҳолӣ дар бораи роҳу усулҳои пешгирию табобати бемории оқсил маълумоти зарурӣ дода мешавад. Инчунин, ба вазорати тандурустӣ барои беҳтар сохтани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот кӯмаки амалӣ расонда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Комиссияи Аврупо дар иҷрои барнома бо Вазоратҳои кишоварзӣ ва тандурустии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






