МАБЛАҒГУЗОРИИ НОКИФОЯ

Сентябрь 10, 2008 11:33

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини аввали вазири кишоварзӣ Султон Валиев, соли ҷорӣ маблағгузорӣ барои ҳар гектар замини пахта дар вилояти Суғд-573 сомонӣ, вилояти Хатлон-874 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-263 сомониро ташкил дод. Ин гуна маблағгузорӣ ба меъёри пешниҳоднамудаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мувофиқат намекунад. Мувофиқи ҳисоботи мутахассисони вазорат, дар асоси харитаи технологӣ барои харидории тухмӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, пардохти музди меҳнат ва хизматрасонии об дар як гектар 2140 сомонӣ сарф карда мешавад. Аз маблағҳои барои соҳаи пахтакорӣ ҷудокардашуда бар меояд, ки он аз меъёри истифодашаванда 4 маротиба кам аст.

Сентябрь 10, 2008 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст