Мактуб
ЊукуматиЉумњурии Тољикистон ПравительствоРеспублики ТаджикистанАгентиимиллии иттилоотии тољикистонНациональноеинформационноеагентствотаджикистана 734025. ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї, 40734025. г. Душанбе, проспект Рудаки, 40тел. 21-21-37; 23-23-83 № ___ аз « » _______________ _соли 2008_ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастраси кулли мақомот гардидани иттилоот оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тавсеаи фаъолияти Агентӣ варақаи оҷилии иттилоот интишор менамояд.Ахборномаи мазкур дар ҳаҷми на камтар аз 8 саҳифаи андозаи А-4 ҳар рўз чоп мешавад, ки иттилои муҳимро оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дарҷ менамояд. Азбаски АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ, паҳн кардани ахбор ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи шарҳи он ахбору санадҳоро дорад, иттилооти мўътамадро интишор мекунад.Бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии Агентӣ Шуморо даъват мекунем, ки ба варақаи иттилоотии АМИТ «Ховар» обуна шавед ва барои обуна шудани сохторҳои тобеи худ мусоидат намоед, то ба ин восита барои интишори саривақтии иттилооти муҳими расмӣ кўмаки амалӣ расонед. АМИТ «Ховар» барои ба муштариён расонидани варақаи иттилоотӣ дар шакли ахборнома ва ё аз тариқи почтаи электронӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ омода мебошад. Замима:Лоињаи Ќарордоди њамкорї;








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






