МИНАКОБ МАҶРӮҲ ШУД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Муовини сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Парвиз Мавлонқулов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки субҳи 1 сентябр дар ҷараёни кори минакобон дар майдони миназори №5, воқеъ дар ағбаи Хабурободи ноҳияи Дарвоз таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш минаҷӯй Нуриддин Мавлонназаров аз пойҳояш маҷрӯҳ шуд. Баъди расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ маҷрӯҳ фавран ба беморхонаи Сағирдашт фиристода шуд. Ҳамон рӯз барои тафтиши ин воқеа комиссияи махсус таъсис дода шуд. Вазъи саломатии Н. Мавлонназаров айни ҳол хуб аст ва зери назорати табибон қарор дорад. Имрӯзҳо амалиёти безарарсозии минаҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва ноҳияи Шӯробод давом дорад. Соли ҷорӣ минакобон майдони миназори масоҳаташ зиёда аз 430 ҳазор метри мураббаъро тоза карданд. Аз оғози иҷрои барномаи безарар гардонидани минаҳо дар Тоҷикистон, яъне аз соли 2003 масоҳати 1 миллиону 650 ҳазор метри мураббаъ замин аз мина тоза карда, зиёда аз 8100 мина безарар гардонида шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






