МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ БАЙТОРӢ

Сентябрь 2, 2008 16:15

           Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Имрӯз дар ҷараёни мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо раиси созмони байналхалқии табобати бемориҳои чорво дар Аврупо Никол Белев проблемаҳои табобати бемориҳои чорвои хонагӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналхалқӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни сӯҳбат изҳор шуд, ки афзоиши бемориҳои соҳаи чорводорӣ барои тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Ҳар сол бар асари бемории чорво дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 200 миллиард доллари ИМА талаф дода мешавад.           Сарвазир зикр кард, ки маҳсулоти чорво 32 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки соҳаи чорводорӣ сол то сол тараққӣ мекунад. Меҳмон изҳор намуд, ки созмон тайёр аст, дар ин соҳа бо Тоҷикистон самарабахш ҳамкорӣ кунад.           Иқдоми аввалин дар бобати расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар ин масъала аттестатсияи кормандони соҳаи байторӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 аъзои Созмони байналмилалии табобати бемориҳои хонагӣ гардида буд. Созмони мазкур айни ҳол 52 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид месозад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо ташаббуси созмони мазкур айни ҳол дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои соҳаи байторӣ семинар гузаронида мешавад.                                                                                                                 Тарҷумон — А. Қудратов.

Сентябрь 2, 2008 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд