МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ВОБАСТА БА МАВОДИ НАШЪАДОР АЗ АФҒОНИСТОН ДАР СААД

Сентябрь 16, 2008 14:38

Маскав, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). – 15  сентябр  дар  шаҳри  Маскав маҷлиси  Шӯрои  ҳамоҳангсози  роҳбарони мақомоти  салоҳиятдори  мубориза ба  муқобили  хариду  фурӯши  ғайриқонунии  давлатҳои  аъзои  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баргузор  гардид. Дар  маҷлис  зикр  шуд, ки  проблемаҳои  вобаста ба  қочоқи  маводи  нашъадор  аз  Афғонистон ба  қаламрави мамлакатҳои  аъзои  СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои  интиқоли  маводи  нашъадор  мунтазам  таъғир  дода  мешаванд,  қочоқчиён  ба  қаламрави  мамлакати  аъзои  созмон  торафт  бештар  ворид  мегарданд. Дар  чунин  шароит  мамлакатҳои  аъзои  созмон  бояд  ҷидду  ҷаҳди  худро  дар  мубориза ба  муқобили  қочоқи  маводи  нашъадор  аз  Афғонистон  бештар  муттаҳид  созанд.           Дар  маҷлис  баъзе  масъалаҳои   марбут  ба  фаъолияти   мақомоти  салоҳиятдори   мубориза ба  муқобили   маводи  нашъадор   дар  СААД  муҳокима  карда шуд. Директори хадамоти  федералии   назорати  маводи  нашъадори  Русия  Виктор  Иванов раиси Шӯрои  ҳамоҳангсози  роҳбарони  мақомоти  дахлдори   мамлакатҳои  аъзои  созмон интихоб шуд.            Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  айни  ҳол ҷумҳуриҳои   Арманистон,  Белорусия,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия,  Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  аъзои  СААД  мебошанд.

Сентябрь 16, 2008 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд