МУЛОҚОТҲО БАХШИДА БА ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

Сентябрь 23, 2008 12:13

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ дирӯз барои донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати шаҳри Душанбе дар мавзӯи тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор, семинар гузарониданд. Дар он баъзе масъалаҳои марбут ба пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва бемориҳои хавфноки ВИЧ ва СПИД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чунин мулоқот 17 сентябр ба сокинони маҳаллаи Бӯстони шаҳри Душанбе гузаронида шуд Ҷавонони маҳаллӣ дар муҳокимаи масъала фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин 18 сентябр дар масъалаи мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар мактаби миёнаи № 31 шаҳри Душанбе бо талабагону омӯзгорон мулоқоти муфид гузаронида шуд. Ба иштирокчиёни мулоқот дар бораи оқибатҳои фалокатбори истеъмоли маводи нашъадор ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои хариду фурӯши он маълумоти зарурӣ дода шуд.

Сентябрь 23, 2008 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд