МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АНҶОМ ЁФТ

Сентябрь 2, 2008 13:15

               Брюссел, 2 сентябр. ( АМИТ «Ховар» — Евронюс).- Дар фарҷоми мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо бахшида ба проблемаи Қафқоз нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар эъломияи мулоқот гуфта мешавад, ки натиҷаҳои даври навбатии гуфтушуниди Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар масъалаи таҳия намудани созишномаи ҳамкории стратегӣ ба иҷрои қарордоди қатъи муноқиша дар Гурҷистон вобаста мебошад.Президенти Фаронса Николя Саркози изҳор намуд, ки тамоми мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо тарафдори сулҳ мебошанд. Вале онҳо аз Русия талаб хоҳанд кард, ки якпорчагии қаламрави давлатҳои ҳамсояро эҳтиром кунад. Хабар дода шуд, ки 8 сентябр, ҳайати Иттиҳоди Аврупо барои гуфтушунид бо роҳбарияти Русия ба Маскав фиристода мешавад.               Раиси комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозу зикр кард, ки воқеаҳои Қафқоз проблемаи ҷиддиеро ба миён овард, ки ба муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Русия дахл дорад. Ҳалли мусолиматомези ин проблема ба манфиатҳои ҳам Русия ва ҳам Иттиҳоди Аврупо мувофиқат мекунад.Масъалаи муқаррар намудани мақоми Обхозистон ва Иристони Ҷанубӣ муҳокимаи байналмиллалиро талаб менамояд гуфт Баррозу.

Сентябрь 2, 2008 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд