МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН
Имсол дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи кам шудани боришот захираи солонаи об 15-20 фоиз кам гардид. Дарёҳои Тоҷикистон низ камоб шуданд. Дар натиҷа обанбори Норак, ки иншооти асосии гидроэнергетикии кишвар мебошад, сари вақт пур нашуд. Ҳоло сатҳи об дар обанбор нӯҳу ним метр паст шудааст ва илова бар ин рӯз то рӯз маҷрои об кам шуда истодааст. Ширкати «Барқи Тоҷик» бо назардошти вазъияти ба амаломада ва бо мақсади танзими фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ, пешгирӣ кардани норасоии барқ ва дар фасли зимистон панҷ соат зиёд намудани меъёри интиқоли он бо розигии Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 сентябр, яъне аз ҳамин шаб сар карда, дар тамоми қаламрави мамлакат, ба истиснои пойтахт, марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои саноатӣ ва маркази ноҳияҳо аз соати 22-ю 30 дақиқаи шаб то соати 03-ю 30 дақиқаи субҳ барқро хомӯш мекунад. Рӯзона дар баъзе мавридҳо хомӯш шудани барқ ба ин маҳдудият дахл надорад ва сабаби корҳои тайёрӣ ба зимистон ё таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки энергетикҳои тоҷик аз охири моҳи май то ин давра тавонистанд, ки қарзи барқи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба кадри 900 миллион киловат-соат баргардонанд ва ин имконият фароҳам меорад, ки мо аз ин кишвари ҳамсоя мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ барқ гирем. Шартнома бо Ҷумҳурии Туркманистон низ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, мутобиқи шартномаҳо мо имкон дорем аз Ӯзбекистон ва Туркманистон то 1,8 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ гирем. Сабаби аз аввали моҳи сентябр маҳдуд намудани интиқоли барқ ҳамин аст, ки ҳар сантиметр оби имрӯз сарфашуда дар давраи зимистон мушкилоти мардум ва иқтисодиёти моро нисбатан осон намояд. Маҳдуд намудани таъминити қувваи барқ ва аз рӯӣ лимит интиқол додани нерӯи барқ чораи муваққатист. Мо итминони комил дорем, ки солҳои наздик, баъди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, ки кор дар онҳо босуръат идома доранд, дар кишвари мо аз рӯи лимит додани барқ фаромӯш хоҳад шуд. Айни замон мо барои то ҳадди имкони қонеъ кардани талабот ба барқ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем. Аз шумо, ҳамдиёрони мӯҳтарам, хоҳиш мекунем, вазъиятро амиқ дарк намуда, моро дастгирӣ намоед ва кӯмаки худро дар бобати муносибати дилсӯзона ба таҷҳизоти барқӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, ки барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикист, дареғ намедоред. Мавзуна Бойева