НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», ИТАР — ТАСС).- Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баъди анҷоми иҷлосияи навбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки сарони давлатҳои аъзои созмон дар фарҷоми иҷлосия Эъломия қабул намуданд. Дар он мавқеи умумии онҳо аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ, аз ҷумла вазъияти Қафқоз муайян карда шудааст. Д.Медведев зикр намуд, ки дар иҷлосия фаъолияти созмон дар бораи таъмини сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СААД, таҳкими ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон ва бештар гардонидани имкониятҳои он баррасӣ шуданд. Дар Эъломия ба вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа баҳои воқеӣ дода, роҳу усулҳои тақвияти ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷчӯҳи сарони давлатҳои аъзо муайян карда шуданд. Сарони давлатҳо самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмонро дар нимаи дуюми соли равон ва нимаи аввали соли оянда муйаян сохтанд. Аз ҷумла роҳу усулҳои тақвияти ҳамкории ҳарбию техникӣ муайян намуда, ба қарори СААД аз 25 маи соли 2001 дар бораи Қувваҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ тағйирот ворид сохта, низомномаи тартиби таҳия намудан, бо маблағ таъмин кардан ва амалӣ сохтани барномаҳои байнидавлатии созмон тасдиқ карда шуданд, гуфт Президенти Русия. Силсилаи ҳуҷҷатҳои дар иҷлосия баррасишуда ба мубориза ба муқобили терроризм ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дахл дорад. Нақшаи табриҳои дастаҷамъии бунёди низоми амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои созмон ва қарори Шӯро дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани фаъолияти зидди маводи нашъадор аз ҳамин ҷумлаанд. Иштирокчиёни иҷлосия ташаббуси Русияро дар бораи омода сохтани Аҳдномаи таъмини амнияти Аврупо дастгирӣ карданд, зикр кард Д.Медведев. Сарони давлатҳо изҳор намуданд, ки бевосита дар наздикии сарҳади давлатҳои аъзои созмон хавфи ба вуҷуд омадани муноқишаи ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Бинобар ин роҳбарияти НАТО даъват карда мешавад, ки ҳамаи оқибатҳои имконпазири вусъати фаъолияташро ба самти шарқ оқилона ва дурандешона баррасӣ кунад. СААД ҳуқуқи Эронро ба рушди соҳаи истифодаи мусолиматомези қувваи ядроӣ тибқи Муоҳидаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ эътироф карда, мамлакатҳои ҷаҳонро даъват мекунад, ки дар ин мавзӯъ роҳи гуфтушунидро пеш гиранд. Сарони давлатҳои аъзои СААД тайёранд, ки бо НАТО дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунанд. СААД аз афзун гардонидани нерӯи ҳарбӣ дар минтақаи Қафқоз ва муташанниҷ гардонидани вазъияти ин минтақа изҳори ташвиш намуда, ҳамаи давлатҳоро даъват мекунад, ки аз истифодаи меъёрҳои дугона сарфи назар карда, аз муташанниҷ сохтани вазъияти минтақа даст кашанд. Мамлакатҳои аъзои СААД нақши фаъолонаи Русияро дар масъалаи мусоидат ба сулҳу осоиш дар минтақаи Қафқоз дастгирӣ карда, ҷонибдори таъмини сулҳу амнияти устувор дар Иристони Ҷанубӣ ва Обхозистон мебошанд, изҳор намуд дар хотима Дмитрий Медведев.