Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд

Февраль 1, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам  ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ соати 08:00 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 доир мегардад.

Дар Агентии «Тоҷикстандарт» нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва  Донишкадаи исломӣ соати 11:00 дар Донишкадаи исломӣ доир мегардад.

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 08:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 09:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 1, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид