ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ СИРК
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони сирки давлатӣ ба мавсими нави фаъолияти худ тайёрӣ мебинанд, ки 20 декабр кушода мешавад. Директори тсирк Ҷамолиддин Муҷиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол машқи барномаи нав давом дорад. Ҳунарпешагон дар оғози мавсими нав барномаи солинавиро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Барнома ҳунарнамоии гимнастҳо, чашмбандҳо ва дорбозону шӯъбадабозонро дар бар мегирад. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки директори сирк дар бораи ҷузъиёти барномаи нав маълумоти муфассал надода, зикр намуд, ки ба он тамошобинон баҳо хоҳанд дод. Ҳунарпешагони тсирк дар мавсими нав саҳнаҳои ҷолиби диққатро бо иштироки ҳайвонот намоиш хоҳанд дод. Ба қавли Ҷ.Муҷиддинов, ин барнома комилан нав мебошад. Дар мавсими нав ҳамроҳи ҳунарпешагони собиқадори сирк дастпарварон ва шогирдони студияи назди сирк низ ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоишҳои аввалини сиркро тарбиягирандагони хонаҳои бачагон, интернатҳо ва фарзандони хонаводаҳои камбизоат бепул тамошо хоҳанд кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






