САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ ХУҶАНДИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАШРИФ ОВАРД

Сентябрь 10, 2008 10:21

9-уми сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150 – солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф овард. Тайи ду рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи санаҳои фархундаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент –зодгоҳи қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс иштирок намуда, чандин иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор медиҳад ва ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғози расмӣ мебахшад. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати идона истиқбол гирифтанд. Боздиди идонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд бо иштирок намудани ӯ дар маросими ифтитоҳи пайкараи биринҷии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чапи Сирдарё парда аз болои лавҳаи ёдгории пайкара бардошта, онро ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ баҳри арҷгузорӣ ба қофиласолори шеъру адаби тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ боз намуд. Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди устодон ва шогирдони ин донишгоҳ, ки имсол 15-сола шуд, онҳоро бо санаҳои фархундаи умумимиллӣ ва солгарди 15-уми ин даргоҳи илму маърифат шодбош гуфт. Чунонки аз суханронӣ маълум шуд, ин бинои нимсохт аз мувозанаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда, ба ин донишгоҳ дода шудааст, то ки минбаъд дар он барои 3000 нафар донишҷӯ шароити муосири таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё гардад. Дар ин бино 100 синфхонаи бузургҳаҷм, 24 синфхонаи хурд ва 1 толори маҷлисгоҳ бунёд хоҳад ёфт. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки ҳар сол барои боз ҳам беҳтар намуданӣ шароити таълимӣ дар ин донишгоҳ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллионӣ сомонӣ то панҷ соли оянда ҷудо мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди фабрикаи ресандагии Хуҷанд-Нику, ки аз ҷониби ширкати тоҷикистонии Хуҷандинвесткоттон ва ширкати эронии Нику бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону васлгарии он аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмону таҷҳизи ин бинои нимсохт тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар дохили кишвар моҳи майи соли равон оғоз ёфт ва то имрӯз аксари корҳои он анҷом ёфта, техникаю таҷҳизоти бо технологияи ҷопонӣ дар кишвари Австрия сохташуда ба ин ҷо ворид гардидааст. Корхона аз се коргоҳи асоси иборат буда дар он корҳои пахтасафедкунӣ ва истеҳсоли ришта, дастмол, сачоқ ва либосҳои бемористонӣ ба тариқи истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарият навбати аввали корхона то охири моҳи ноябри соли равон бояд ба истифода дода шавад ва 250 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Баъди ба кор даромадани се навбати корхона дар он барои 600 нафар ҷойи кор омода мегардад. Мувофиқи маълумоти технологӣ навбати аввали корхона метавонад дар як сол аз 3000 тонна нахи пахта 2500 тонна риштаи хушсифат истеҳсол намояд. Корхона дар оянда бо иқтидори пуррааш метавонад 9000 тонна нахи пахтарро коркард кунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки оянда ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ низ бунёд карда шаванд, то коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар таъмин гардад. Дар боғи навбунёди Ваҳдати шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба сохтмони чойхонаи нави миллӣ, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, оғози расмӣ бахшид. Мавриди зикр аст, ки бунёди ин боғ дар масоҳати 120 гектар 20 марти соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори зиёиёни кишвар чун армуғони наврӯзии онҳо оғоз ёфта буд. Дар боғ 14 намуд дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз ҷониби деҳқонону боғпарварони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинонда шудааст, ки шумораи умумии ниҳолҳо 44 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Роҳбари Давлат Эмомали Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ дар инҷо шоҳиди истифодаи пурсамари заминҳои обии байни дарахтон шуданд. Деҳқонон ният доранд, ки дар ин ҷо се- чор ҳосили сабзавот ва зироатҳои лубиёгию полезӣ рӯёнанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои дарахтони наврустаро аз назар гузаронда, ба масъулин дастур дод, ки нигоҳубини онҳоро мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монанд, то ки боғ ба як боғи намунавии кишвар табдил ёбад. Минбаъд боздиди идонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон идома ёфт. Мардуми фарҳангпарвару қадршиноси шаҳри Истаравшани бостонӣ сарвару раҳнамои давлати навину соҳибистиқлоли тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарию шукуфонии кишвар дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи Оби зулол расман ба кор шурӯъ намуд. Зимни шиносоӣ бо корхона зикр гардид, ки дар он дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ хатти нави технологӣ омодаи кор гаштааст, ки дар як соат метавонад 6 ҳазор баста шарбати табиӣ истеҳсол намояд. Иқтидори солонааш бошад, ба 36 миллион литр баробар аст. Сифати шарбатҳо ва зарфҳои истифодашаванда ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ буда, рақобатпазирии маҳсулоти корхонаро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамоянд. Роҳбари корхонаи «Оби Зулол» ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки дар Истаравшан аз ҳисоби даромадҳои худӣ барои 340 нафар хонанда як мактаби ҳозиразамон бо тамоми таҷҳизоту асбобҳои хонишаш бунёд карда то оғози соли таҳсили 2009-2010 ба истифода медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар ин корхона изҳори хушнудӣ карда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯроквории кишвар дастур дод, ки баҳри коркарди васеъи тамоми маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ пайваста тадбирҳои судбахш андешанд. Бо истифода аз фурсати ғанимат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, бо рафти сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳимми нақлиётӣ ва пайвандгари ҷанубу шимоли кишвар аз наздик шинос шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни тоҷику чинӣ сӯҳбатҳои гарму самимӣ анҷом дода, ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои наздик ба нақби Шаҳристон дастур дод, ки пайваста аз эҳтиёҷоти моддию маънавии онҳо бохабар бошанд. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону васлгарӣ зикр гардид, ки тибқи нақшаи корӣ бунёди нақби Шаҳристон бояд то моҳи декабри соли оянда пурра ба анҷом расонда шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмону васлгарӣ бояд бо сифати баланд ва дар сатҳи талаботи байналмилаӣ анҷом дода шаванд. Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

Сентябрь 10, 2008 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст