СЕМИНАР БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАИ ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН

Сентябрь 13, 2008 10:17

           Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, зиёиён, омӯзгорон ва талабагони мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба масъалаи таҳсили духтарон дар мактаб семинар баргузор гардид. Семинарро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамроҳи Муассисаи наҷоти атфоли СММ гузаронд. Ҳадафи он ошкор намудани сабабҳои аз мактаб дар канор мондани талабагон, хусусан духтарон, роҳу усулҳои беҳтар намудани таҳсил ва бо таълими умумии миёнаи ҳатмӣ фаро гирифтани духтарон буд.         Ҳамоҳангсози Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар Тоҷикистон Парвина Муҳаммадхоҷаева дар семинар изҳор намуд, ки дар саросари Тоҷикистон аз теъдоди умумии талабагон танҳо 75 фоизи духтарон соҳиби маълумоти миёна мегарданд. Иштирокчиёни семинар масъалаи таҳсили духтаронро аз нуқтаи назари омӯзгорон, талабагон ва падару модарони онҳо таҳлил намуданд.        Талабагон, аз ҷумла, духтарон зикр карданд, ки дар аксари мавридҳо падару модарон ва бародаронашон ба идомаи таҳсили онҳо монеъ мегарданд. Аз мактаб дар канор мондани духтарон аз бисёр ҷиҳат сабабҳои иқтисодӣ низ дорад. Аксарияти падару модарон чунин мешуморанд, ки соҳиби маълумоти миёна гардидани духтарон ҳатмӣ нест. Аз ин рӯ онҳо барои идомаи таҳсили духтарон сарф кардани маблағи зиёдро зарур намешуморанд. Аксарияти пурсидашудагон зикр карданд, ки барои духтарон маълумоти ибтидоӣ гирифтан кифоя мебошад.        Камбудиҳои таъминоту фаъолияти худи мактабҳо низ аз ҷумлаи проблемаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар бисёр мактабҳо асбобҳои хониш, китоб, мебел ва ғайра намерасанд, ҳолати санитарии онҳо ғайриқаноатбахш мебошад.        Мутахассиси соҳаи маориф аз Бангладеш Мира Митро дар семинар изҳор намуд, ки шароити таҳсили духтарон дар Тоҷикистон нисбат ба мамлакати ӯ хеле беҳтар аст. Дар мактабҳои Тоҷикистон проблемаи нобаробарии ҳуқуқи писарону духтарон ва занону мардон вуҷуд надорад, гуфт М.Митро.  

Сентябрь 13, 2008 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд