ШАРТНОМАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Сентябрь 19, 2008 09:39

Душанбе, 19 сентября. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ иҷрои як қатор лоиҳаҳоро ба нақша гирифтааст. Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғистон (Фазаи-1) аз зумраи чунин лоиҳаҳо мебошад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ итиллоъ доданд, дар ин замина ҳамчунин иҷрои чанд лоиҳаи дигар, аз қабили таҷдиди роҳи автомобилгарди Вахдат – Оби — Гарм дарозиаш 74 км, бо сохтмони пулҳо дар километрҳои 39, 56, 57 ва 86 ба нақша гирифта шудааст. Пудратчии асосӣ — ширкати «Синохайдро»-и Чумҳурии Мардумии Чин буда, шартномаи дуҷониба бо ин ширкати чиноӣ 10 ноябри соли 2004 ба имзо расида буд. Оғози корҳои сохтмонӣ дар ин самт 20 январи соли 2005 сурат гирифт. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ, қарор аст, моҳи августи соли оянда фазаи 1-и ин шоҳроҳ ба истифода дода шавад.

Сентябрь 19, 2008 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ