ШАРТНОМАИ ХОҶАГИҲО БО БОНКҲОИ МАБЛАҒГУЗОР
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мувофиқи маълумоти аз идораи кишоварзии вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ба даст омада, хоҷагиҳо барои гирифтани қарз бевосита аз бонкҳо барои маблағгузорӣ ба 92 ҳазору 678 гектар шартнома бастанд. Ғайр аз ин бо ширкатҳо тавассути бонкҳо барои маблағгузории 100 ҳазору 647 гектар шартнома ба имзо расонида шуд. Як қисми хоҷагиҳо тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 35 ҳазору 608 гектар кишт ва парвариши пахтаро дар асоси худмаблағгузорӣ ба роҳ монанд. Маблағи шартномаҳои басташуда, 43 млн. 809 ҳазор сомониро ташкил дод, ки то моҳи август 36 млн 843 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин 47 фоизи маблағи умумии шартномавиро ташкил медиҳад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






