СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «РӮДАКӢ ВА ФАРҲАНГИ ҶАҲОН»

Сентябрь 5, 2008 12:52

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –6-7 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» баргузор мегардад. Дар он намояндагони мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла мамлакатҳои форсизабон иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки дар симпозиум Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунад. Иштирокчиёни симпозиум дар чорабиниҳои бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Анҷумани ҳафтуми ғайринавбатии тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» иштирок мекунанд. Олимону адибони тоҷик дар доираи симпозиум бо олимону адибони хориҷӣ мулоқот хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни симпозиум Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддини Беҳзод, Осорхонаи таъриху бостон ва мардумшиносии Академияи илмҳо, намоишгоҳи рассомони тоҷик, асари саҳнавии Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ «Рӯдакӣ» ва мақбараи Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент тамошо хоҳанд кард.

Сентябрь 5, 2008 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд