СОХТМОНИ ТУННЕЛИ «ШАҲРИСТОН» БО СУРЪАТ ИДОМА ДОРАД

Сентябрь 15, 2008 14:57

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қисмати шимолии туннели «Шаҳристон» 462 метр туннели мошингард канда шуд. Дар ин ҷо инчунин дар масофаи 272 метр туннели ҳавогузар ва дар қисмати ҷанубии он 1,8 километр туннели нақлиётӣ, қариб 2 километр туннели ҳавогузар канда шудааст. Ба қавли мутахассисон, туннели мазкур охирҳои соли 2009 ва аввалҳои соли 2010 ба истифода дода мешавад. Дар маҷмӯъ аз ҳар ду ҷониб 2244 метр туннели нақлиётӣ ва 2238 метр туннели ҳавогузар канда шудааст. Масофаи умумии туннел 5042 метр буда, пас аз ворид намудани тағйирот ба нақшаи он дарозии туннел 200 метр афзуд.

Сентябрь 15, 2008 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд